
Студияи инклюзивии дизайни графикӣ соли 2018 бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва маблағгузории Сафорати Норвегия ва саҳми Сафорати Бритониё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар студия курсҳои доимӣ оид ба дизайни графикӣ ва технологияи компютерӣ барои ҷавонони дорои нуқсонҳои рӯҳӣ ва нуқсонҳои рушди равонӣ гузаронида мешавад. Студия маҳсулоти хурди чопӣ ва маҳсулоти алтернативии коммуникатсияро истеҳсол мекунад ва бо ин роҳ барномаҳои худро таъмин ва фармоишҳои муштариёнро иҷро менамояд.
Ҳадафи асосии студия таъмини шуғли касбии ҷавонони гирифтори нуқсонҳои спектри аутизм ва нуқсонҳои рушди равонӣ тавассути тарғиби соҳибкории иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамоҳангсози студия — Айгул Раҳимова, 904 62 77 70