Warning: preg_replace(): Compilation failed: escape sequence is invalid in character class at offset 4 in /var/www/u0852283/data/www/autism.tj/tj/wp-content/plugins/booked/includes/general-functions.php on line 19

Маркази дахолати барвақти кӯдакон ва дастгирии оила

Барномаи дахолати барвақти кӯдакон аз соли 2012 инҷониб фаъолият мекунад ва ба туфайли дастгирии Фонди кӯмаки ИҶК он ҳар сол такмил ёфтааст ва аз соли 2018 он бо ҳаммаблағгузории Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тендер барои хариди хизматрасониҳои иҷтимоӣ мақоми марказро соҳиб шудааст.  Ин марказ дар татбиқи амалияҳои собитшуда ва истифодаи барномаҳои инноватсионӣ ва муосир барои кӯмак ба кӯдакони гирифтори нуқсонҳои спектри аутизм ва нуқсонҳои рушди равонӣ аз таваллуд то 6-солагӣ пешқадам мебошад.

Ҳадафҳои асосии марказ аз такмил додани фаъолияти кӯдак дар ҳолатҳои табии зиндагӣ (ҲТЗ) мебошанд, беҳтар кардани сифати муошират ва муносибати кӯдак бо падару модар, дигар шахсони парасторикунандаи кӯдак дар оила, шомил намудани кӯдак ба муҳити ҳамсолон, тавсеаи робитаҳои иҷтимоии кӯдак ва оила, омодасозии кӯдак ба таҳсил иборат мебошанд.

Менеҷери марказ — доктор Гулчеҳра Эргашева, мутахассис оид ба АДОС ва РДВ.

98 736 00 75