Warning: preg_replace(): Compilation failed: escape sequence is invalid in character class at offset 4 in /var/www/u0852283/data/www/autism.tj/tj/wp-content/plugins/booked/includes/general-functions.php on line 19

Қаҳвахонаи иҷтимоии «ДАР ЯК ЗАМИН»

• Фудмобили «iBomazza»
• Кейтеринги инклюзивӣ

Қаҳвахонаи иҷтимоии «ДАР ЯК ЗАМИН» аввалин тренинги инклюзивии қаҳвахонаӣ мебошад, ки бо дастгирии Global Giving, Диаспораи тоҷикон дар Торонто, Бунёди ALIGN кушода шудааст ва дар он ҷавонони гирифтори аутизм ва дигар хусусиятҳои рӯҳӣ имкон пайдо намуданд, ки на танҳо малакаҳои касбӣ дар қаҳвахона ва ошхонаро аз худ намоянд, балки имкониятхои корёбиро низ ба даст биёранд.
Ташаббуси мазкур дар заминаи барномаи клуби рушд ва шуғли наврасони дорои нуқсонҳои спектри аутизм ва ҷорисозии модели соҳибкории иҷтимоӣ дар ТҶ «ИРОДА» ба вуҷуд омадааст. Ба туфайли ин қаҳвахона, 7 ҷавони дорои маъюбии рӯҳӣ имконияти кор карданро пайдо карданд, ва тамоми фаъолиятҳои даромаднокии қаҳвахона дар соли 2019 барои таъмини барномаи нави созмон — Ҳуҷраи омӯзиши ҳаёти мустақили «FreeDOM» равона карда шуд.
Аз соли 2018 қаҳвахона хизматрасониҳои кайтеринги инклюзивиро рушд медиҳад ва бо ин роҳ на танҳо тавсеаи фаъолияти қаҳвахона, балки огоҳии бештари ҷомеа дар бораи имкониятҳо ва иқтидори шахсони дорои аутизм ва маъюбии рӯҳиро бо шуғли фаъол ва мутобиқшавӣ ва фарогирии иҷтимоӣ таъмин месозад.
Ҳадафи асосии қаҳвахона таъмини шуғли касбии ҷавонони гирифтори нуқсонҳои спектри аутизм ва нуқсонҳои рушди равонӣ тавассути тарғиби соҳибкории иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамоҳангсози кайтеринг — Рустам Одилов, 98 525 00 28