Warning: preg_replace(): Compilation failed: escape sequence is invalid in character class at offset 4 in /var/www/u0852283/data/www/autism.tj/tj/wp-content/plugins/booked/includes/general-functions.php on line 19

Мо ба чӣ кор машғулем?

ТҶ «Ирода» — Ташаббуси волидони кӯдакони гирифтори аутизм дар Тоҷикистон ин як созмони волидони кӯдакони дорои аутизм мебошад, ки ҳуқуқи фарзандони худ ба дастрасӣ ба ташхиси бармаҳал, эътирофи аутизм, дахолати саривақтӣ ва воридсозии бармаҳали кӯдакон ба ҳаёти ҷомеаро ҳимоят мекунанд.

ИРОДА эътироф менамояд, ки волидон беҳтарин омӯзгорони фарзандони худ мебошанд ва бо дастгирии зарурӣ метавонанд барои иштироки пурраи онҳо дар раванди таълим ва дигар самтҳои фаъолият тамоми шароитро фароҳам оранд.

ИРОДА эътироф мекунад, ки ҳолати равонии волидон ва муҳити оилавӣ дар рушди кӯдакони гирифтори аутизм нақши ҳалкунанда доранд, ва аз ин рӯ созмон кӯшиш мекунад, ки ба оилаҳо ҳарчӣ барвақттар кӯмаки иттилоотӣ ва психологӣ расонад.

ИРОДА эътироф менамояд, ки ҳамкорӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи мушкилоти аутизм нақши муҳим дорад ва кӯшиш мекунад, ки тамоми тамосҳои имконпазир бо созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, коршиносон ва тренерҳои дорои таҷрибаи кор бо кӯдакони махсусро ба роҳ монад.

Боз саволҳо доред?

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи барномаҳои ТҶ “Ирода” Шумо метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат кунед:

Одамони дорои нуқсонҳои рӯҳӣ ва аутизмро дастгирӣ кунед