Warning: preg_replace(): Compilation failed: escape sequence is invalid in character class at offset 4 in /var/www/u0852283/data/www/autism.tj/tj/wp-content/plugins/booked/includes/general-functions.php on line 19

Наша история

  • 2008 — Ташкили Гурӯҳи ташаббускори волидони кӯдакони дорои аутизм.
  • 2010 — Оғози барномаҳои кумакрасонӣ ба волидон ва кӯдакони гирифтори аутизм, ки аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори волидони кӯдакони гирифтори аутизм дар назди ДРУЦ «Кишти», ЛЖИ «Иштирок» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар ҶТ ба роҳ монда шудааст.
  • 2011 — Бақайдгирии расмии ТҶ «ИРОДА» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани аввалин курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисон оид ба таҳлили рафтори амалӣ, коммуникатсияи алтернативӣ, таълими сохторӣ дар ҶТ бо дастгирии ИҶК БМ дар ҶТ.

Таъсиси нахустин маркази дастгирӣ ва рушди кӯдакони гирифтори аутизм бо дастгирии Критас Олмон.

  • 2012 — Таъсиси Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба Аутизм (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон)
  • 2013 — Нахустин намоиши инклюзивии мӯд «Ҳаёт бидуни монеа» дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Имкониятҳои баробар», «СиДа», «Рушди инклюзия», АРДОВ Душанбе, «Имконият» бо дастгирии MIUSA, ИМА. Маблағҳое, ​​ки аз Намоиши мӯд ҷамъ оварда шуданд, ба ташкилотҳои шарик, аз ҷумла «Сида», «АРДОВ» ва «Рушди инклюзия» бо мақсади дастгирии техникии барномаҳо барои кӯдакон дода шудаанд.
  • 2014 — Аввалин маротиба дар Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамдастӣ бо ҶТ «ИРОДА» барои духтурон, кормандони КПТП ва соҳаи офиятбахшӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон оид ба ошкорсозии барвақт ва ташхиси аутизм бо истифодаи усули АДОС (Ҷадвали назорати ташхисии аутизм) тренингҳоро баргузор намуд. Барномаҳои дахолати барвақт. Бо дастгирии ТУТ, ЮНИСЕФ, ИҶК Фонди мадад, меҳмонхонаи Ҳаяат Реҷенсӣ. Коршиносон — Доткор Нусрат Аҳмад, Карен Педди, Рене Таунсон — Австралия
  • 2014 – 2016 ТҶ «ИРОДА» ҳамкориро бо «Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирӣ»-и Ҷопон аз рӯи лоиҳаи «Таҳсилоти фарогир дар шаҳри Душанбе” оғоз намуд. Фаъолияти 2 синфҳои мутобиқшуда дар мактабҳои 72 ва 54 ва ҷорӣ намудани усули фарогир (инклюзивӣ) дар таълими кӯдакони дорои аутизм ва дигар хусусиятҳои рушди равонӣ.
  • 2015 — Татбиқи лоиҳаи шарикии ҳашт СҶШ ва чор мақомот таҳти унвони «Шарикии самаранок ва устувор дар роҳ ба сӯи инклюзия». Ташкили барномаҳои дахолати барвақт дар марказҳои саломатии шаҳрӣ, шаҳри Душанбе. Таъсис ва озмоиши модули таълимии «Аз кӯмаки барвақт то инклюзия» барои чор донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе.
  • 2016 — Оғози маблағгузории давлатӣ барои Маркази таълимӣ-табобатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди фарогири кӯдакон ва наврасони дорои нуқсонҳои спектри аутизм ва нуқсонҳои рушди равонӣ дар доираи иштироки ТҶ «ИРОДА» дар тендери давлатии хариди хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар назди АДҲИА-и ВТҲИА ҶТ.
  • 2017 — Таъсиси нахустин қаҳвахонаи таълимии иҷтимоии «Дар як Замин» барои бо кор таъмин кардани ҷавонони гирифтори аутизм ва дигар нуқсонҳои рушди равонӣ дар ҶТ бо дастгирии Диаспораи тоҷикон дар Канада, Бунёди ALIGN, Австралия, 55 Group , Global Giving
  • 2017 — 2018 — Амалисозии лоиҳаи шарикӣ барои огоҳсозии ҷомеаи касбии тиббӣ дар бораи воситаҳои скрининги барвақт, принсипҳои дахолати барвақт ва аҳамиятнокии ҷалби оилаҳо ба таълими барвақти кӯдакони дорои нуқсонҳои инкишоф. Ҳамшарикони лоиҳа: ВТҲИА ҶТ, Раёсати тандурустии шаҳр, 4 маркази саломатии шаҳрӣ, Маркази тибби оилавии ҶТ, 4 СҶШ дар Душанбе, Каритас Олмон бо дастгирии Фонди ИҶК Фонди мадад, Британияи Кабир
  • 2019 — Таъсиси аввалин студияи инклюзивии полиграфии «iTavono» ва курси тарроҳии графикӣ барои ҷавонони дорои аутизм ва нуқсонҳои рушди равонӣ бо дастгирии БРСММ, сафорати Норвегия ва сафорати Баританияи Кабир дар ҶТ.
    • Амалисозии лоиҳаи шарикӣ оид ба ҷорисозии барномаи оила-меҳвари дахолати барвақт ба кӯдак дар чор минтақаи кишвар ва таъсиси Шабакаи миллии рушди инклюзивӣ ва дахолати барвақт. Шарикон: ВТҲИА ҶТ, ТҶ «Маҷрухҳон-Хоруғ», ТҶ «РДПР-Хуҷанд», ТҶ «АКВКИМ-Кӯлоб» бо дастгирии ИҶК Фонди мадад, Британияи Кабир.
    • Таъсиси нахустин ҳуҷраи таълимии зиндагии мустақил «FreeДОМ» барои ҷавонони дорои аутизм ва нуқсонҳои инкишофи равонӣ бо дастгирии Ташаббуси ҷамъиятии БАТР, Global Giving ва барномаҳои соҳибкории иҷтимоӣ ТҶ «ИРОДА”
Боз саволҳо доред?

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи барномаҳои ТҶ “Ирода” Шумо метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат кунед:

Одамони дорои нуқсонҳои рӯҳӣ ва аутизмро дастгирӣ кунед