Warning: preg_replace(): Compilation failed: escape sequence is invalid in character class at offset 4 in /var/www/u0852283/data/www/autism.tj/tj/wp-content/plugins/booked/includes/general-functions.php on line 19

Дар бораи мо

ТҶ «Ирода» — Ташаббуси волидайни кӯдакони дорои аутизм созмонест, ки аз ҷониби волидони кӯдакони гирифтори аутизм таъсис дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ таҷрибаи байналмилалиро омӯхта, усулҳои муосирро оид ба муайянсозӣ, ташхиси аутизм ва барномаҳои барқарорсозӣ ва таълимӣ барои кӯдакони дорои нуқсонҳои спектри аутизм татбиқ менамоянд.

Дидгоҳи мо: Кӯдакон ва наврасони дорои нуқсонҳои спектри аутизм, ба монанди ҲАМАИ дигар кӯдакон, сазовори эҳтиром ва эътирофи шаъну шарафи шахсӣ мебошанд.  Онҳо сазовори ҳуқуқ ба таҳсил ва пурра ворид шудан ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт (дастрасӣ ба ташхиси бармаҳал, дастгирии бармаҳал ва таҳсил) ҳамзамон бо ҳуқуқи бархурдор будан аз эҳтиром ба хусусиятҳои хоси аутизм мебошанд.  Мо эътироф менамоем, ки оила аз ҳама бартар аст ва волидон омӯзгорони асосии фарзандони худ ҳастанд ва ба эҳтиром ва фаҳмиши ниёзҳои фарзанди худ аз ҷониби давлат ва умуман ҷомеа ҳуқуқ доранд.

Рисолати мо: Баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи мушкилоти марбут ба аутизм. Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва калонсолони дорои аутизм ва дигар хусусиятҳои рушдёбӣ. Паҳн намудани иттилоот дар бораи мушкилот ва эҳтиёҷоте, ки шахсони дорои аутизм ба онҳо рӯбарӯ мешаванд. Ноил шудан ба башардӯстона ва таҳаммулпазиронаи ҷомеа нисбати фарзандони мо.  Фароҳам овардани платформаи мусоид барои ҳаёти комилҳуқуқи фарзандони мо ва эътироф кардани ҳуқуқҳои онҳо ва ноил гардидан ба беҳшавии сифати ҳаёти кӯдакон ва калонсолони гирифтори аутизм ва дигар хусусиятҳои инкишофи рӯҳӣ.

Арзишҳои мо:

  • ИРОДА аз ҷониби волидон таъсис ёфтааст ва ҳамчун як созмоне боқӣ мемонад, ки аз ҷониби волидон дар ҳамкорӣ бо мутахассисоне, ки ниёзҳо ва талаботи кӯдакон ва наврасони гирифтори аутизм ва дигар мушкилоти зеҳниро эътироф мекунанд, идора карда мешавад.
  • ИРОДА иштироки оилаҳо дар ҳама ҷанбаҳои фаъолияти созмонро қадр мекунад. Ин самти калидӣ барои таъминсозии устуворӣ, давомнокӣ ва самаранокии фаъолияти созмон мебошад.  Яке аз самтҳои афзалиятноки созмон ин ба падару модарон фаъолона омӯзонидани асосҳои назариявӣ ва амалии кор бо кӯдакони гирифтори аутизм, эдвокаси, принсипҳои фарогирӣ ва ҷанбаҳои ҳуқуқии марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва наврасони гирифтори аутизм ва таъмини дастрасӣ ба таълим ва фарогирии иҷтимоӣ мебошад.

Равишҳои мо:

Ҳадаф: Ташвиқ ва татбиқи донишҳо ва амалияи барномаҳои муосири сифатноки аз назари илмӣ асосноки таълимӣ барои кӯдакон ва калонсолони гирифтори аутизм, ки самаранокии онҳо собит шудааст

  • Таъмини ҷорисозии стандартҳо ва равишҳои байналмилалӣ оид ба ошкорсозии барвақт ва ташхиси аутизм бо пешбарии онҳо дар сатҳи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
  • Таъмини паҳнсозӣ ва татбиқи равишҳои муосир оид ба офиятбахшӣ ва таълими кӯдакони гирифтори аутизм, бо назардошти усули эклектикӣ, на ин ки бо ташвиқи як методи ягона.
  • Пешбурди воридсозии аутизм ба феҳристи давлатии нуқсонҳои маъюбкунанда барои эътироф намудани аутизм ҳамчун ҳолати алоҳида дар асоси ICD-10 ва DSIM-6, бо мақсади таъмин намудани омори боэътимод оиди аутизм дар кишвар тавассути чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ ва расонаҳо.
  • Ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълими кӯдакони дорои аутизм дар ҷомеаи касбӣ бо роҳи ҷалбсозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, маориф ва кори иҷтимоӣ дар сатҳи ҷомеаҳои касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ.
Боз саволҳо доред?

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи барномаҳои ТҶ “Ирода” Шумо метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат кунед:

Одамони дорои нуқсонҳои рӯҳӣ ва аутизмро дастгирӣ кунед