Одамони дорои нуқсонҳои рӯҳӣ ва аутизмро дастгирӣ кунед

Барномаҳо

Ҳуҷраи омӯзиши ҳаёти мустақили "FreeDOM"

Аввалин ҳуҷраи омӯзиши ҳаёти мустақил барои одамони дорои хусусиятҳои рӯҳӣ бо кӯмак ва маблағҳои ҷамъоваришуда дар натиҷаи фандрайзинги Ташаббуси ҷамъиятии БАТР ва ТҶ «ИРОДА» дар соли 2019 сохат шуд.

Ҳадафи асосӣ: Омӯзиш додани малакаҳои ҳаётии зиндагии мустақил, шуғл ва фароғат ба одамони дорои нуқсонҳои спектри аутизм, ихтилоли рушди равонӣ ва нуқсонҳои равонӣ аз оилаҳо ва хатмкунандагони интернатҳои пӯшида.  Омодагӣ ба ҳаёт бидуни васояту падару модар.

  • Марказ 3 самтро дар бар мегирад: Омӯзиши малакаҳои ҳаёти ҳаррӯза, омӯзиши малакаҳои муоширати иҷтимоӣ-коммуникативӣ ва малакаҳои фароғати фаъолона.
  • Ин марказ барномаи машғулияти рӯзона ва барномаи омӯзиши ҳаёти мустақилро дар бар мегирад.

Тамос

  • 73400, ш. Душанбе,
    кӯч. Мушфиқи 109
  • +992 (44 ) 625 84 44
    +992 (44 ) 625 84 44

Тамос бо мо